Ссылки доступа

Ширкати канадагӣ дар «Қумтор» беш аз 16 тонна тилло истихроҷ мекунад


Ширкати истихроҷии канадагии Centerra Gold мехоҳад вобастагии фаъолияти худ аз Қирғизистонро камтар карда, ба тарҳҳои дигар ба ҷуз аз “Қумтор” таваҷҷӯҳ кунад.

Ин ширкат ду кони истихроҷи тилоро дар ихтиёр дорад. Яке кони Бору дар Муғулистон ва дигаре Қумтор дар Қирғизистон аст, аммо ҳаҷми истихроҷи тило дар онҳо ба таври назаррас аз ҳамдигар фарқ мекунад. Тибқи ҳисоботи ширкат, дар соли 2015 дар кони Бору ҳамагӣ 500 килограмм тило истихроҷ шуда, дар кони Қумтор ин рақам ба 16,2 тонна расидааст.

Ба ин сабаб дар соли 2016 фаъолияти ин ширкат танҳо дар кони Қумтори Қирғизистон сурат гирифта, қарор аст 16 тонна тило истихроҷ шавад.

Ба гуфтаи узви шӯрои мудирони ширкат Каличбек Шокиров, захираи тило дар Қумтор ҳадди ақал то соли 2024 басанда аст. Вай афзуд, ки дар ин кон истихроҷ ба шакли кушода анҷом меёбад.

Ҳарчанд аҳамият ва судоварии Қумтор афзалиятҳо дорад, аммо Centerra Gold Inc дар Қирғизистон бо бархе аз мушкилот рӯбарӯ аст. Зеро бархе аз сиёсатмадорон аҳолиро бовар кунонидаанд, ки фоидаи ин кон ба таври нобаробар тақсим мешавад.

Чанд гирдиҳамоӣ ва даргириҳои сиёсӣ дар атрофии «Қумтор» сурат гирифтанд, ки бо қатъи интиқоли нерӯи барқ ба ин кон, ҷаҳишҳо аз болои девор, гаравгонгирӣ ва задухӯрд бо маъмурони милитсия анҷом меёфтанд. Ин ҳолат борҳо ба беқурбшавии саҳмияҳои ин ширкати кандагӣ ва дар пайи он ба ворид шудани зарари молӣ ва эътибор сабаб шуд.

Бо дарназардошти ин сабабҳо ва зарурати тавсеаи фаъолияти худ Centerra Gold Inc ба ҷустуҷӯи ҷойгузини Қумтор шурӯъ кард. Ба ҷуз аз конҳои Бору ва Қумтор ширкат ҳамчунин ду кони дигари Гатсурт дар Муғулистон ва Оксют дар Туркияро дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG