Ссылки доступа

Дар садамае дар ИМА ҷавони қирғиз ҷон бохт


Алмосбек Тоирови 23-сола, зодаи Қирғизистон дар пайи садамаи мотосикл дар Сан-Франсиско 19 январ ҷон бохт.

Хабари ин ҳодисаро пойгоҳи GoFundMe нашр кардааст.

Тибқи ин манбаъ, Алмосбек Тоиров 19 январ бо мотосикли хусусии навъи Kawasaki озими кор мешавад. Дар яке аз пулҳои мошингузар ин ҷавони қирғиз дар роҳи аз борон таршуда, аз ӯҳдаи ронандагӣ намебарояд ва аз баландии 6-7 метрӣ сарозер мешавад.

Ин ҳодиса соати 12.30 вақти маҳаллӣ рух дода, Алмосбек Тоиров аз ҷароҳатҳои бардоштааш мефавтад.

Ҳамватанон дар Сан-Франсиско дар пойгоҳи GoFundMe ҷамъоварии маблағи зарурӣ барои интиқоли ҷасади фавтида ба ватанро оғоз карданд. Феълан беш аз 8 ҳазор доллар ҷамъоварӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG