Ссылки доступа

Ба ҷангҷӯёни ӯзбек то 10 соли зиндон таҳдид мекунад


Ҳукумати Ӯзбекистон шаҳрвандони ин кишварро огоҳ кард, ки ширкаткунандагони ҷангҳои шарқи Украина ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Сафорати Ӯзбекистон дар Украина бо нашри як варақаи иттилоотӣ хабар дод, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ду ҷониби сангарҳои ҷанги шарқи Украина ширкат доранд. Аммо шумори дақиқи ҷангҷӯёни ӯзбек зикр нашудааст.

«Сафорати огаҳ мекунад, ки тибқи моддаи 154-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона ва ё амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ ҷиноят дониста мешавад. Барои содир кардини ин аъмол то даҳ соли зиндон пешбинӣ шудааст», - омадааст дар варақаи иттилоотии сафорати Ӯзбекистон дар Украина.

XS
SM
MD
LG