Ссылки доступа

Русия мавқеи нерӯҳои ҳукуматии Сурияро тақвият дод


Амалиёти низомии Русия дар Сурия имкон фароҳам овард, ки режими Башор Асад тақвият ёбад.

Ин ҳолат боис мешавад, ки намояндагони ҳукумат дар гуфтушинидҳо бо нерӯҳои мухолифин худро мутмаинтар эҳсос кунанд. Дар ин бора зимни мулоқоти сарфармондеҳи НАТО раиси Кумитаи муттаҳидаи роҳбарони ситоди нерӯҳои низомии ИМА генерал Ҷозеф Данфорд изҳор доштааст.

Ба гуфтаи вай, бо пуштибонии Русия артиши Сурия тавонист, ки қисмате аз ҳудудҳои мухолифинро соҳиб шавад, ҳамчунин мавқеи худро дар бархе аз навоҳоии дигар тақвият диҳад. Данфорд хабар дод, ки дар моҳҳои охир бо ҳамтои русаш Валирий Герасимов ду маротиба суҳбат кардааст. Аммо Иёлоти Муттаҳида ва нерӯҳои эътилофӣ мисли пешин бе ҳамоҳангӣ бо Русия дар Сурия амалиёти низомӣ анҷом медиҳанд.

Тибқи баҳогузории мухолифини Сурия, дар ҳамлаҳои ҳавоии Русия 893 ҷангҷӯи «Давлати исломӣ» кушта шудааст, аммо ин ҳамлаҳо бештар аз 1000 сокини осоиштаро низ нобуд кардааст. Вазири мудофиаи Бритониё ҳам рафтори Русия дар Сурияро танқид карда буд. «Ҳамлаи ҳавопаймоҳои Русия дар шаҳрҳо ва деҳоте, ки зери нуфузи мухолифин ҳастанд, ҷангро дар ин кишвар тӯлонӣ мекунад, мавқеи Асадро тақвият мебахшад ва маро аз муттаҳид шудан ва пирӯзӣ бар ДИ дур мебарад», - гуфт вазири мудофиаи Бритониё Майкл Фаллон.

XS
SM
MD
LG