Ссылки доступа

Ҳавои ифлоси Алмаато


Алмаато – калонтарин шаҳри Қазоқистон дар чанд соли охир шомили рӯйхати шаҳрҳои ифлостарини дунё шудааст.

Сатҳи ифлосии ҳаво дар ин шаҳр аз меъёр хеле зиёд аст, аммо мақомот ба муддати тӯлонӣ вазъи воқеии экологиро пинҳон кардаанд.

Воқеият вақте ошкор шуд, ки масъулони лоиҳаи Almaty Urban Air таҷҳизоти ҳавосанҷиро бо кумаки грантҳои сафорати ИМА дар ин кишвар харидорӣ ва дар шаҳр насб карданд. Масъулони лоиҳа дар маркази шаҳр ҳавосанҷи таҷрибавиро гузоштанд ва ин дастгоҳ нишон дод, ки ҳавои шаҳр аз меъёр 8 маротиба ифлостар аст.

Нишондодҳои дастгоҳ сокинонро ба ташвиш овардааст.

Замимаи Urban Air ҳамагӣ як ҳафта барои телефонҳои ҳамроҳи Айфон ва се ҳафта барои дастгоҳҳои Андроид дастрас буд. Баъдан созмондиҳандагон маҷбур шуданд, ки лоиҳаро қатъ кунанд. Вале акнун дар бораи ифлосии ҳавои Алмаато мақомоти маҳаллӣ низ изҳори назар мекунанд.

XS
SM
MD
LG