Ссылки доступа

ИМА аз афроди дорои душаҳрвандӣ визо талаб мекунад


ИМА эълон кард, ки тартиботи нави сафар ба ин кишварро барои шаҳрвандони Иттифоқи Аврупо ҷорӣ кардааст.

Тибқи ин тартибот, онҳое, ки шаҳрвандии Эрон, Ироқ, Сурия ва ё Судонро доранд, ҳамчунин онҳое, ки аз моҳи марти соли 2011 ба ин сӯ ба ин кишварҳо сафар кардаанд, барои ворид шудан ба ИМА бояд визо бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, кормандони созмонҳои башардӯстона аз ин тартибот озод ҳастанд.

“Ин бар фарҳанги амрикоӣ рост намеояд, ки инсонҳоро аз рӯи тааллуқашон ба миллият, баромади иҷтимоӣ, дин ва дигар нишондодҳо ба гуруҳҳо тақсим намоӣ”, - эътироз карда буд Иттифоқи озодиҳои шаҳрвандии Амрико дар моҳи декабр.

Ин маҳдудиятҳо баъди ҳамлаҳои Порис ва Сан-Бернардинои Калифорния пазируфта шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҳадафашон ҳимояи шаҳрвандони Амрико аз таҳдидҳои террористон аст.

XS
SM
MD
LG