Ссылки доступа

Пулисро дар ҳамдастии террористон айбдор карданд


Дар Қирғизистон бо иттиҳоми фурӯши аслиҳа ба террористон як афсари пулис боздошт шуд.

Тавре мақомоти қудратии Қирғизистон хабар медиҳанд, ин афсар 17 январ дар вилояти Ҷалолобод боздошт шудааст. Як террористи боздоштшуда шоҳидӣ додааст, ки аслиҳаро аз афсари пулис харидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳамлаҳои ахире, ки алайҳи кормандони пулис сурат мегирад, эҳтимол кори дасти аъзои гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бошад. Ба иттилои мақомоти он кишвар, дар Сурия ва Ироқ садҳо шаҳрванди Қирғизистон дар сафҳои тундгароён қарор дорад.

Дар мавриди ҳодисаи фурӯши аслиҳа таҳқиқ идома дорад. Тафтишот муайян хоҳад кард, ки афсари пулис ҳамдасти террористон аст ва ё танҳо дар ивази пул аслиҳа фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG