Ссылки доступа

Дар ҳамла ба тарабхонае дар Сомалӣ наздики 20 кас кушта шуд


Дар пойтахти Сомолӣ, шаҳри Могадишо дастикам 19 нафар қурбонии ҳамлаи ифротгароён ба тарабхона шуданд.

Ҳамлагарон аз норинҷакҳо ва силоҳи оташфишон истифода карда, ҳамчунин ду мошини бо маводи тарканда муҷаҳҳазро таркониданд. Масъулияти ҳамларо ифротгароёни вобаста ба гуруҳи “Ал-Қоида” ба зимма гирифтанд.

Панҷ марди мусаллаҳ вориди тарабхонаи маъруф дар соҳили “Лидо” шуда, ду норинҷакро партофта, тирпарронӣ карданд. Маъмурони пулис, ки ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, ба ҳамлагарон муқобилат нишон доданд. Як афсари пулис ба хабаргузории AFP гуфтааст, “наздики бист кас кушта шудааст", ки миёни онҳо занҳо ва кӯдакон низ ҳастанд.

Ба гуфтаи намояндаи пулис, амалиёти зидди ифротгароёнро тавонистанд дар чанд соати субҳи 22 январ анҷом диҳанд. Чаҳор ҳамлагар кушта ва як нафар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG