Ссылки доступа

Русия имкон дорад дар Сурия пойгоҳи дувуми худро таъсис диҳад


Шабакаҳои телевизионии CNN ва Fox бо истинод ба шахсони расмӣ хабар медиҳанд, ки Русия эҳтимол дорад барои таъсиси пойгоҳи дигари ҳавоӣ дар шимолу шарқи Сурия маҳаллеро интихоб кунад.

Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом метавонад вазъият дар минтақаро боз ҳам душвортар созад.

Мавриде ошкор шудааст, ки гурӯҳи низомиёни рус ҳамроҳи муҳандисон аз фурудгоҳи фаромӯшшуда дар шаҳри Ал-Қамишлӣ дар наздикии марз бо Туркия дидан кардааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран муносибати Русия бо Туркия бо мушкилиҳое дучор аст.

Қаблан Анқара аз тасмими таъсиси чунин пойгоҳ изҳори норизоиятӣ карда буд. Як намояндаи амрикоӣ чунин ташрифро бисёр “ҷолиб” номид. Ал-Қамишлӣ дар маҳалли наздик бо будубоши курдҳо воқеъ аст. Бо кумаки онҳо ИМА ва аъзои дигари эътилоф ба зидди ДИ мубориза мебарад. Ин минтақа хеле дуртар аз пойгоҳи низомии Русия дар Латақиё воқеъ аст.

Дар моҳи сентябр чанд рӯз пеш аз он, ки низомиён ва таҷҳизоти Русия ба Сурия ворид шаванд, як гурӯҳи ба ин монанд маҳалли сохтмони фурудгоҳи низомӣ дар Латақиёро дидан карда буд. Ҳанӯз нишонаҳои кӯч додани ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Ал-Қамишлӣ мушоҳида нашудааст, аммо намояндаҳои амрикоӣ бар ин назаранд, ки ин кор метавонад ба зудӣ сурат гирад.

XS
SM
MD
LG