Ссылки доступа

Обама барои гурезагон ҳамоиш даъват мекунад


Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама мехоҳад моҳи сентябр бо ширкати раҳбарони ҷаҳон дар Анҷумани кулли СММ ҳамоишеро бахшида ба гурезагон даъват кунад.

Мавзӯи баргузории чунин ҳамоиш дар сӯҳбати телефонии Барак Обама бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел баррасӣ шудааст, гуфта мешавад дар баёнияи Кохи сафед.

Дар ин баёния омадааст, ки ҳадафи ҳамоиш таъмини иҷрои вазифаҳои нав ва дақиқ барои фарохтар сохтани имкониятҳо барои гурезагон дар тамоми ҷаҳон ва ҳимояти кишварҳое ҳаст, ки дар масирҳои вуруди гурезагон қарор доранд.

Обама ва Меркел бӯҳрони гурезагон дар Аврупоро баррасӣ кардаанд. Онҳо ба хулосае расидаанд, ки ҳамоиши сармоягузорон, ки бояд моҳи оянда дар Лондон баргузор шавад, имкон хоҳад дод, то талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба бӯҳрони Сурия афзоиш ёбад, изҳор медорад Кохи сафед.

Обама ва Меркел ҳамчунин ба ин нуқта таъкид доштанд, ки ҳар ду кишвар ҷонибдори иҷрои саривақтии созишномаи Минск мебошанд. Ин созишномаи имкон медиҳад, ки ҷанги миёни нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоихоҳон анҷом ёбад, изҳор медорад Кохи сафед.

XS
SM
MD
LG