Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ шадид шуд


Дар шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ шадид шуд.

Дар даромадгоҳи бархе аз минтақаҳои кишвар гузаргоҳҳои назоратии иловагӣ таъсис шудааст. Дар Душанбе назди муассисаҳои давлатӣ ва ҷойҳои серодами шаҳр теъдоди зиёди кормандони пулис ҷамъ омадааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, тадбирҳои амниятӣ барои санҷиши омодагии нерӯҳои қудратӣ ба роҳ монда шудааст. “Санҷиши омодагии ҳайати шахсӣ – як меъёри маъмулӣ аст. Вазъият комилан муътадил аст. Ин санҷишҳо моҳе як ё ду бор баргузор мешаванд”, - гуфт вай.

Дар ҳоли ҳозир дар постгоҳҳо ҳамроҳ бо кормандони БДА афроди мусаллаҳи нерӯҳои махсус дар назорат истодаанд. Ин вазъиятро метавон дар Қурғонтеппа ва Кӯлоб ҳам мушоҳида кард.

Тадбирҳои шадиди амниятӣ дар Тоҷикистон бори охир баъди ҳаводиси моҳи сентябр ва дар остонаи баргузории саммити Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе ба роҳ монда шуда буд.

XS
SM
MD
LG