Ссылки доступа

ИМА ва Туркия роҳҳои ҳалли низомӣ алайҳи ДИ-ро меҷӯянд


Иёлоти Муттаҳида ва Туркия омодаанд “роҳҳои низомии” пирӯзӣ ба гуруҳи тундгарои “Давлати исломӣ”-ро пайдо кунанд.

Тавре ноиб-президенти ИМА Ҷо Байден баъди дидор бо сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, роҳи беҳтарини ҳалли низоъ ҳамоно роҳи сиёсист, аммо агар ин роҳ дастнорас шавад, пас ИМА маҷбур аст, ки роҳҳои алтернативии ҳалли низоъро биҷӯяд. Баъдтар дар Кохи сафед шарҳ доданд, ки манзури Ҷо Байден аз роҳҳои сиёсӣ ин ҳалли низоъ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони Сурия аст, вале роҳи низомӣ танҳо ба гуруҳи тундгарои ДИ тааллуқ дорад.

Гуфтушунидҳо бо иштироки намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифон таҳти сарпарастии СММ бояд ҳафтаи оянда оғоз шаванд. Сарвазири Бритониё Дэвид Кэмерон гуфт, Русия низ бояд дар ин гуфтушунидҳо ширкат кунад.

Дар ҳамин ҳол, бо шарҳи нақшаи ИМА дар нисбати ДИ, ноиб-президенти ИМА гуфт, онҳо “маҳви ДИ”-ро дар назар доранд. Байден ҳамчунин изҳор дошт, Ҳизби коргари Курдистон, ки фаъолияташ дар Туркия мамнуъ аст, барои Анкара ҳамон хатареро дорад, ки ҷиҳодиҳо ба бор овардаанд. “Ин як гуруҳи оддии террористӣ аст ва он чи онҳо анҷом медиҳанд, золимона аст”, - гуфт ноиб-президенти ИМА.

Низои мусаллаҳи курдҳо, ки барои таъсиси давлати мустақил меҷанганд, бо Туркия бештар аз 30 сол аст, ки идома дорад. Бештар аз 40 ҳазор одам қурбони ин низоъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Байден дар мулоқот бо президенти Туркия маҳдудияти озодии баён дар ин кишвар – тарсонидани рӯзноманигорон, маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсиси парвандаҳо алайҳи мунаққидони ҳукуматро танқид кард.

XS
SM
MD
LG