Ссылки доступа

Дар Қирғизистон аз бемории СПИД 1343 нафар фавтиданд


Дар бист сол дар Қирғизистон аз бемории СПИД ё камбуди маснуияти бадан 1343 нафар фавтиданд.

Дар ин бора мудири Маркази ҷумҳуриявии “СПИД” Умуткан Чокморова хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар соли 1996 нахустин шаҳрванди Қирғизистон, ки ба ин беморӣ сироят шуда буд, ошкор шуд. Тибқи омори расмӣ ҳоло ин беморӣ дар 6110 нафар ошкор шудааст ва теъдоди фавтидагон низ ба ин рақам шомил аст. Феълан 416 нафар дар марҳилаи ниҳоии ин беморӣ қарор доранд.

4061 мардҳо, 2049 зан ва 554 кӯдак гирифтори бемории ВИЧ/СПИД мебошанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки теъдоди воқеии гирифторони ВИЧ/СПИД бештар аз омори расмӣ аст.

XS
SM
MD
LG