Ссылки доступа

Беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ меҷанганд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки феълан тибқи иттилои расида, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваста, дар даргириҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд.

Ин мавзӯъро раиси ҷумҳури кишвар зимни суханронии худ дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ дар мавриди пайвастани ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ матраҳ кард.

Ба гуфтаи вай, ба Сурия ва Ироқ 146 оила аз Тоҷикистон кӯч баста, 21 донишҷӯи донишгоҳҳои олии кишвар низ рафтаанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зикр кард, ки таблиғи ҷавонон барои пайвастан ба ин гурӯҳҳо ва созмонҳо дар масҷиду муассисаҳои динӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар ва ҳамчунин тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сурат мегирад.

Вай таъкид кард, ки раванди афзоиши мавридҳои пайвастшавии ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Кӯлоб, Шаҳритус ва Бохтар мушоҳида мешавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар ин назар аст, ки чунин вазъ ба беаҳамиятии волидайн, набудани шароити ҷалби ҷавонон ба варзиш ва корҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин ба камбудиҳо дар арсаи маориф ва тандурустӣ вобаста аст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар сафи “Давлати исломӣ” қариб 500 шаҳрванди кишвар қарор дошта, ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Аммо худи нафарони ҷалбшуда дар наворҳои видеоии дар Интернет нашршуда изҳор медоштанд, ки теъдоди онҳо дар сафи ин гурӯҳ бештар аз омори эълоншудаи ҳукумат аст ва фаъолияти онҳо танҳо бо ширкат дар ҷангҳо дар Ироқ ва Сурия маҳдуд намешавад.

Мақомот мегӯянд, шаҳрвандоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ пайвастаанд, барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунанд. Дар моҳи майи соли 2014 ба Қонуни ҷазои ҷиноӣ тағйирот ворид шуд. Бар асоси ин тағйирот, ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар ҷазои ҷиноӣ дар пай дорад. Аз ҷумла, барои чунин ҷиноят маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол дар назар аст.

XS
SM
MD
LG