Ссылки доступа

Назорати марзӣ дар сарҳадҳои ИА


Бӯҳрони муҳоҷирон сиёсатмадорҳои аврупоиро водор мекунад, ки батакрор мавзӯи наҳваи назорат дар марзҳоро баррасӣ кунанд.

Бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо талош доранд, ки назорати марзӣ дар дохили ҳавзаи шенген низ роҳандозӣ шавад. Нашрияи Welt am Sonntag бо истинод ба манбаҳои дипломатӣ навиштааст, ки дар ин замина сухан дар бораи Олмон, Австрия, Дания, Белгия ва Шветсия меравад. Масъалаҳои ҳуқуқӣ барои тамдиди назорати марзӣ имкон дорад 25 январ дар дидори вазирони корҳои хориҷии ИА дар Амстердам матраҳ шаванд.

Агар иқдомҳои нав қабул шаванд, Олмон, ки тибқи муқаррароти феълӣ бояд дар моҳи майи соли 2016 назорат дар марзҳои худро бекор кунад, метавонад ин корро боз якуним соли дигар идома диҳад. Дар ин бора “Мавҷи олмонӣ” хабар медиҳад.

Дар ИА даъватҳои сахттаре низ садо медиҳанд. Раҳбари ВКХ Австрия Йоханна Микл-Лайтнер Юнонро таҳдид кард, ки ин кишварро аз қарордоди рафтуомади озод дар дохили Аврупо хориҷ мекунад. Вай гуфт, ки иддаоҳо дар бораи ғайриимкон будани роҳандозии назорат дар марзи миёни Юнон ва Туркия “аз афсонае беш нест”.

XS
SM
MD
LG