Ссылки доступа

ДИ навори видеоии ҳамла ба Порисро нашр кард


Созмони террористии “Давлати исломӣ” навори видеоиеро пахш кард, ки гумон меравад дар он даҳ ҷангҷӯи ширкаткунада дар ҳамлаҳо ба Порис сабт шудаанд.

Дар ин ҳамлаҳо 130 нафар кушта шуданд.

Дар навори видеоӣ мардҳои ҷангҷӯ ба кишварҳои эътилоф барои мубориза бо ДИ, аз ҷумла Бритониё, таҳдид мекунанд.

Тибқи арзёбии аввалия, дар ин навор чаҳор шаҳрванди Белгия, се фаронсавӣ ва ду ироқие сабт шудаанд, ки ба амалҳои террористӣ дар Порис даст доранд. Онҳо ба забонҳои фаронсавӣ ва арабӣ сӯҳбат мекунанд. Ин навор дар биёбоне дар Ироқ ё Сурия сабт шудааст. Дар ин навор аксҳо аз маҳалли ҳамлаҳо ва амалиёти махсуси ниҳодҳои интизомии Фаронса дар маҳалҳои амалҳои террористӣ ҷой дода шудааст. Ҳамчунин дар ин навор нӯҳ ҷангӣ дар ҳолати анҷоми ваҳшонияти мухталиф, аз ҷумла сарбурӣ ва қатли гаравгонҳо сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG