Ссылки доступа

Ашраф Ғанӣ ба мубориза зидди ДИ даъват мекунад


Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ваъда дод, ки гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ”-ро нобуд месозад.

Бахши ин гурӯҳ дар даргириҳо ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон ва дар набардҳо бо ҷангиёни ҷунбиши “Толибон” ширкат кардааст.

Ҳангоми сафар ба ҳамоиши иқтисодӣ ба Давоси Швейтсария, Ғанӣ дар мусоҳиба бо ВВС гуфт, ки ДИ “падидаи афғонӣ нест” ва ваҳшонияте, ки аз сӯйи ҷангиёни ин гурӯҳ сурат мегиранд, нафрати мардуми афғонро ба вуҷуд овардааст. “Акнун афғонҳо дунболи интиқом ҳастанд. Ҷангиёни ДИ бо одамони дигаре вориди ихтилоф шуданд”, - гуфт Ашраф Ғанӣ.

Вай даъват кард, ки зидди ДИ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ талошҳои муштарак анҷом дода шавад. “Мо бо хатарҳои зиёде рӯбарӯ шудем”, - гуфт Ғанӣ. Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, ки агар музокироти сулҳ бо “Толибон” дар ҳафтаҳои наздик шурӯъ нашавад, пас даргирӣ дар кишвар тақвият меёбад, ки пайёмадҳои онҳо дар тамоми минтақа эҳсос мешавад. Ашраф Ғанӣ аз ҳукумати Покистон хост, бар зидди гурӯҳҳои ҷунбиши “Толибон”, ки аз музокирот сарпечӣ карданд, амалҳое анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG