Ссылки доступа

Дар Норвегия сарнавишти муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд


Мақомоти Норвегия муваққатан аз хориҷ кардани муҳоҷироне, ки аз Русия ба ин кишвар ворид шудаанд, даст кашиданд, хабар медиҳад вазорати хориҷаи Норвегия.

Ба иттилои намояндаи мақомот, Русия қасд дорад бозгашти гурезагонро "ба таври густарда баррасӣ" кунад.

Ахиран рӯшан шуд, Норвегия гурезагонеро, ки марзи Русияву Норвегияро убур карда, вориди ин кишвар шуда ва интизори дарёфти паноҳандагӣ ҳастанд, дубора ба Русия хоҳад фиристод.

Дар соли гузашта бештар аз 5,5 ҳазор муҳоҷир аз Сурия, Афғонистон ва Ироқ тавассути масири Москва, Мурманск ва Никел ҳаракат карда вориди Норвегия шудаанд. Тавре Би-би-сӣ хабар медиҳад, қонунгузории Русия пойи пиёда убур кардани марзро манъ кардааст, аз ин рӯ муҳоҷирон дучарха харида ва савори дучарха аз марз гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG