Ссылки доступа

Дар Афғонистон роҳбари “Ҷамоати Ансоруллоҳ” кушта шудааст


Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, дар Афғонистон раҳбари гуруҳи исломии мамнуъ кушта шудааст.

Вазир ба хабарнигорон дар Душанбе хабар дод, ки Амриддин Табаров, раҳбари гуруҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” зимни як амалиёти нерӯҳои низомии афғон дар моҳи июли соли гузашта кушта шудааст. Вай ҳамчунин бо номи Мулло Амриддин маъруф буд ва замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 фармондеҳии қисме аз нерӯҳои мухолифинро бар дӯш дошт.

Дар охири солҳои 1990 Табаров ба “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” пайваста, дар Афғонистон ҷангидааст, аммо вақте, ки толибони афғон аз қудрат барканор шуданд, ба Покистон рафт. Дар соли 2010 вай “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро асос гузошт, ки бо “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” рабт дошт ва ҳам бо толибон ва ҳам бо “Алқоида” робита барқарор карда буд. Бархе аз аъзои гуруҳи мулло Амриддин узви созмони террористии “Давлати исломӣ” шуданд.

Дар соли 2012 “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳамчун гуруҳи террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ гардид. Шуруъ аз ибтидои соли гузашта, даҳҳо узви ин гуруҳ равонаи зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG