Ссылки доступа

Бештар аз 60 мавриди мубталоӣ ба зукоми хук дар Қирғизистон сабт шуд


Дар Қирғизистон аз ибтидои сол 61 мавриди гирифторӣ ба вируси зукоми A(H1N1), ки ҳамчунин зукоми хук ном дорад, ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Шабдан Рисқулов, як масъули тандурустии Қирғизистон хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, аз моҳи декабри соли гузашта то кунун дар саросари кишвар барои дарёфти кумаки тиббӣ садҳо нафар муроҷиат кардааст, ки аз миёни онҳо 61 мубталои зукоми хук ошкор шудааст. Дар ҳоли ҳозир ин мубталоён дар назорати табибон ҳастанд.

Табибон мегӯянд, дар он кишвар мавсими афзоиши зуком ҳукм меронад. Ба гуфтаи мутахассисон, нишонаҳои зукоми хук дар оғоз аз зукоми маъмулӣ фарқи зиёд надорад, бино бар ин ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки сари вақт ба табибон муроҷиат кунанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар ин кишвар ҳодисаҳои маргу мир аз зукоми хук ба қайд гирифта нашудааст.

Хабар дода мешавад, ки дар кишварҳои ИДМ фасли густариши гирифторӣ ба зуком ҳукм меронад.

XS
SM
MD
LG