Ссылки доступа

Дар Сурия наздики 150 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудааст


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфт, 61 шаҳрванди кишвар аз Сурия ва Ироқ баргашта ва 148 нафари дигар дар ҷангҳои он кишварҳо кушта шудааст.

Пештар аз ин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, миёни онҳое, ки аз Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд, 21 донишҷӯ низ ҳаст. Президент гуфт, масҷид ва дигар донишгоҳҳои исломии дохилу хориҷи кишвар барои ҷалби одамон ба гуруҳҳои тундгаро нақши муассир доранд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, полковники тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки соли гузашта ба ДИ пайваст, ду маротиба маҷруҳ шудааст. Вазорат тасдиқ кард, ки ДИ ба Ҳалимов 100 доллар моҳона мепардозад. Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, зимни як навори видеоӣ дар Youtube пайвастанаш ба ДИ-ро тасдиқ карда буд.

Вазир афзуд, мақомоти Тоҷикистон талош доранд Ҳалимовро боздошт кунанд.

XS
SM
MD
LG