Ссылки доступа

Дар Москва ба Наргис Зокирова ҳамла карданд


Тавре сомонаи интернетии eltuz.com бо такя ба як шоҳиди ҳодиса менависад, ин ҳодиса ҳангоми корсерти Наргис дар ресторани Backstage, ки дар маҷмааи Крокус Сити Ҳолли Маскав воқеъ аст, рух додааст.

"Зане ки дар қисмати меҳмонони олиқадр (VIP) менишаст, бо қадаҳи машруб ба саҳна баромада, Наргисро барои ӯзбек буданаш дашном дод ва қадаҳро ба ҷониби сароянда ҳаво додааст", - менависад сомонаи интернетӣ.

Тибқи гузоришҳои матбуоти саргармкунандаи Русия, ду зан бо дашному таҳқир ба Наргис Зокирова ҳамла карда, соҳибони тарабхона ин ду занро танҳо бо кумаки посбонҳо аз саҳна берун бурдаанд. Гуфта мешавад, ин ду зан дар Русия соҳиби мақоми баланде будаанд.

Наргис ин вазъро дар саҳифаи Facebook-и худ чунин тасвир кардааст:

"Ана меҳмони олиқадр! Ӯ қадаҳ дар даст наздам омада "ту ..." гуфта дод зад. Баъдан ин зан бо нидои "Мисли ту як зани ӯзбек дар манзили ман ташноб тоза мекунад", қадаҳро ба сӯям ҳаво дод. Қадаҳ ба дастгоҳи фаннӣ бархӯрда пор-пора шуд ва шишапораҳо ба рӯи саҳна рехтанд. Дар ҳамин ҳол, муҳофизон, ки таъмини амнияти маро ба ӯҳда доштанд, ба таври сеҳрангез нопадид шуданд. Созмондиҳандагон барои рӯпӯш кардани ин ҳодиса талош карданд".

Дар ҳамин ҳол, ҳаводорони Наргис Зокирова дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори муҷозоти занҳои ҳамлагар шудаанд.

XS
SM
MD
LG