Ссылки доступа

Музокироти Сурия тӯлонӣ ва душвор хоҳад буд


Баргузории музокироти Сурия, ки пештар қарор буд дар Женева 25 январ оғоз шавад, ба рӯзи 29 январ гузаронида шуд.

Дар ин бора фиристодаи махсуси СММ дар масъалаи Сурия Стаффан де Мистура хабар дод.

Оғози ин музокирот ба сабаби ихтилофҳо бо Русия ва Эрон ба таъхир гузошта шуд. Ин ду кишвар аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунанд ва ҳамчунин то ҳол мушаххас нашудааст, ки кадоме аз гурӯҳҳо мухолифони суриягиро дар ин музокирот намояндагӣ мекунанд. Де Мистура 25 январ гуфт, ки даъватномаҳо ба гурӯҳҳои мухолифин 26 январ ирсол мешаванд.

Вай гуфт, ки бо миёнаравии СММ музокирот нахуст ба имкони роҳандозии оташбас ва афзоиши расонидани кумакҳои башардӯстона таваҷҷӯҳ мекунад. Сипас ҷонибҳо ба масъалаҳои мудирият, низоми қонунӣ ва интихоботи оянда дар Сурияро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи де Мистура, марҳилаи нахустини музокирот бояд аз ду то се ҳафта идома дошта, тамоми раванди гуфтушунид тахминан шаш моҳ тӯл мекашад.

Де Мистура ҳамчунин ба ҳифзи суръати музокироти сулҳ таъкид кард, аммо ҳушдор дод, ки “дар ҷараёни ин музокирот намоишкориҳои зиёду кафкӯбӣ ва аз паси худ дарзаниҳоро” пешбинӣ мекунад. Интизор меравад ин музокирот соддаву оддӣ нахоҳад буд. “Ба таъхир даровардани раванди музокирот зиёд мешаваду вазъиятҳое мешавад, ки ҷонибҳо сари мизи музокиротро тарк карда, сабаб пеш меоранд, ки ҷониби дигар ҳамлае анҷом дод ё ба кадом маҳал бомба афтид”, - зикр кард Мистура.

Пештар намояндаи СММ ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфта буданд, ки даъватномаҳо бояд то замони ба ҳам омадани ҳамаи қисматҳо фиристода нашванд.

XS
SM
MD
LG