Ссылки доступа

Путин: Русия зарбаҳои ҳавоиро дар Сурия идома медиҳад


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Ставропол гуфт, ки зарбаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия то замоне идома меёбанд, ки ин кор барои дастгирии артиши президент Башор Асад зарур бошад.

Зимни суханронии худ дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи федеролии Қафқози Шимолӣ Путин гуфт, ки ҳадафи Москва аз расонидани кумак ба артиши Асад барои пирӯзӣ зидди «террористон» иборат аст.

Путин афзуд, ки Русия намехоҳад ба умури давлатдорӣ ва ҳалли масъалаҳои дар назди Сурия ва кишварҳои дигари минтақа истода мудохила кунад. Вай гуфт, ки вазифаи асосии артиши рус дар Сурия аз расонидани кумак ба мардум ва раҳбарияти ин кишвар дар мубориза бо террористон ва маҳви террористон дар сарзамини Сурия иборат мебошад.

Ин суханони Путин дар ҳоле садо доданд, ки як рӯз пеш зимни зарбаҳои ҳавоӣ дар шарқи Сурия, ки эҳтимолан аз сӯйи ҳавопаймоҳои русӣ анҷом ёфтаанд, дастикам 63 нафар бо шумули нӯҳ кӯдак кушта шуданд.

Иёлоти Муттаҳида ва НАТО иддао мекунанд, ки дар миёни ҳадафҳои зарбаҳои ҳавоии русӣ гурӯҳҳои мӯътадили мухолифони Сурия қарор гирифтаанд, ки бар зидди режими Асад дар посух ба оғози саркӯбии мухолифони суриягӣ мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG