Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон назорат ба хариду фурӯши асъорро шадидтар мекунанд


Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, дар кишвар тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятии кишвар таҳия мешавад, ки тибқи онҳо барои табодули ғайриқонунии асъор ҷазо пешбинӣ мешавад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода имрӯз дар дидор бо хабарнигорон гуфт, ки ҳоло дар кишвар табодули арз танҳо дар бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст.

Нурмуҳаммадзода гуфт, ки ҳадафи ин тарҳи ислоҳот пешгирӣ аз болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбатти пули миллӣ мебошад, ки ба гуфтаи вай ҳоло асосан аз сӯйи ҳаннотон сурат мегирад. Раиси Бонки миллӣ хабарҳо дар мавриди эҳтимоли азсаргирии фаъолияти нуқтаҳои табодули асъорро рад кард. «Бигзор 818 ҳаннот барои худ ҷойи кори дигар пайдо кунанд. Ҷой бисёр аст. Муассисаҳои қарзӣ ҷойи холии корӣ доранд, бигзор он ҷо бираванд. Ҳамаи амалиёти хариду фурӯши арз бояд танҳо дар бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ анҷом дода шаванд», - таъкид кард Нурмуҳаммадзода.

Дар охири моҳи ноябр дар пайи болоравии қурби доллар дар нисбати пули миллӣ - сомонӣ - фаъолияти ҳамаи нуқтаҳои табодули арз қатъ карда шуд. Мақомоти Тоҷикистон ин амрро ба иқдомҳои “танзими бозор арз дар кишвар” маънидод карданд.

XS
SM
MD
LG