Ссылки доступа

Амволи хонаводаи Зайд Саид мусодира мешавад


Хешовандони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саид хабар медиҳанд, ки иҷрочиёни додгоҳӣ ба манзили онҳо ҳозир шуда, талаб кардаанд, ки хонаҳоро холӣ намоянд.

Ба гуфтаи ин иҷрочиён, дар мавриди мусодираи манзилҳои пайвандони Зайд Саид қарори Додгоҳи Олӣ содир шудааст.

Хайрулло Саидов, писари калонии соҳибкор мегӯяд, тибқи қарори додгоҳ акнун хонаводаи 25-нафарии Зайд Саидов мумкин аст бе сарпаноҳ монад.

Ба гуфтаи вай, тибқи моддаи 57 Кодекси ҷиноятӣ, танҳо моликияти маҳкумшуда ба фоидаи давлат мусодираи мешавад. Аммо ҳоло ҳатто манзилҳои амакҳояшро мехоҳанд мусодира намоянд.

Мақомот ин хабарро ҳоло шарҳ надоданд, вале қарори Додгоҳи олӣ, ки тибқи он Зайд Саидов ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳамчунин мусодираи амволи ӯро дар назар дорад.

Зайд Саидови 56-сола моҳи майи соли 2013, як моҳ баъди эълони таъсии ҳизби «Тоҷикистони нав» боздошт шуд. Дар моҳи декабри ҳамон сол бо айбҳои сӯистифода аз мақоми хизматӣ, бисёрникоҳӣ, фасодкорӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар моҳи июли соли гузашта Додгоҳи олӣ ба ҳукми қаблии вай се соли дигар зам кард.

XS
SM
MD
LG