Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сомонаи www.12news.uz баста шуд


Дар Ӯзбекистон дастрасӣ ба сомонае, ки хабарҳои мақомотро нашр мекард, маҳдуд гардид.

Тавре нашрияи интернетии AsiaTerra хабар медиҳад, сомонаи хабарии www.12news.uz аз сӯи сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон ва корманди собиқи Хадамоти амнияти миллии он кишвар Дилшод Нуруллоев идора мешавад. Вале дастрасӣ ба сомона имрӯз маҳдуд шудааст.

Ба иттилои AsiaTerra, ҳамарӯза ба www.12news.uz бештар аз 10 ҳазор корбар сар мезад ва ин ягона сарчашмаи дастрасӣ ба маълумотӣ расмӣ буд. Иттилои ин сомонаро мансабдорони аввали давлатӣ тасдиқ ва ироа мекарданд. Ба вижа, ин сомона дар бораи боздошти “муллоҳо”, ҷараёни парвандаҳои онҳо, дар бораи ҳаводиси дигари кишвар ва ғайра иттилоъ медод. Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин ба ин сомона маълумот мефиристоданд.

Сарчашмаҳои наздик ба роҳбарияти «Media-Balans», ки 12news.uz низ ба ин созмон тааллуқ дошт, тасдиқ мекунанд, ки аз назари мақомоти ӯзбек ин сомона иштибоҳи нобахшидание содир кардааст.

Ҳадс зада мешавад, ки дар остонаи сафари Ислом Каримов ба Остонаи Қазоқистон ин сомона навишт, ки «дар Тошканд маркази фарҳангии қазоқӣ баста шудааст». Эҳтимол меравад, нашри ҳамин иттилоъ боиси баста шудани сомона шуда бошад.

XS
SM
MD
LG