Ссылки доступа

Кремл аз хабарҳо дар бораи “миллиардҳои” Путин интиқод кард


Масъулони Кремл мегӯянд, изҳори назари намояндаи вазорати молияи ИМА дар бораи эҳтимоли даст доштани президенти Русия Владимир Путин ба фасодкорӣ “баробари айбдоркунии расмӣ мебошад”.

Адам Шубин, масъули бахши таҳримҳои вазорати молияи ИМА дар мусоҳиба бо барномаи “Панорама”-и ВВС гуфт, ки раиси ҷумҳури Русия сарватҳои воқеии худро махфӣ нигаҳ медорад.

Дар хабари ВВС гуфта шудааст, ки Шубин аз шарҳи иттилои Раёсати марказии ҷосусии ИМА худдорӣ мекунад. Соли 2007 ин ниҳод хабар дода буд, ки сарватҳои воқеии Путин қариби 40 миллиард доллар аст. Кремл ин иддаоро рад кард. Путин борҳо гуфта буд, ки вай аз хабари расонаҳо дар бораи боигариаш огаҳ аст ва ҳатто медонад, ки бархеҳо ӯро сарватмандтарин инсони ҷаҳон медонанд. Аммо вай чунин хабарҳоро ҳамеша рад мекунад.

Иёлоти Муттаҳида нисбати бархе аз соҳибкорони русӣ, ки ба Владимир Путин содиқанд таҳримҳоеро роҳандозӣ кард. Ин таҳримҳо ба хотири таъсир ба Русия баъд аз тасарруфи бархе аз қаламрави Украина ба иҷро даромаданд.

XS
SM
MD
LG