Ссылки доступа

Дар Петербург “чеҳраи ҷиноии” ӯзбек боздошт шуд


Ниҳодҳои интизомии Русия соҳибкори 60-солаи ӯзбек Хусан Зиёмуҳаммадовро, ки дар ҷаҳони ҷиноӣ бо номи “Хусан Московский” шӯҳрат дорад, боздошт ва бозпурсӣ карданд.

Барои дубора озими зиндон нашуданаш Хусан ҳамаи иртиботҳо бо ҷаҳонӣ ҷиноиро рад карда, баъд аз сӯҳбати пешгиркунанда вай озод шуд, - менависад “Прайм-крайм”.

Ба навиштаи ин расона, Зиёмуҳаммадов, ки аз рутбаи “дузди қонунӣ” даст кашида буду бо номи “Хусани Тошкандӣ” низ саршинос шуд, соҳиби чанд манзил дар Тошканд, Москва ва Петербург мебошад. Дар гузашта вай аз ҳамтоёни шоҳи кушташудаи олами ҷиноии ИДМ “Бобои Ҳасан” (Аслан Усоян) буд. Аммо баъд аз ҳамкорӣ бо пулис вай пуштибонии ҷамъияти ҷиноиро аз даст дод.

Ба гуфтаи як манбаъ, Хусан Зиёмуҳаммадов мехост Русияро тарк карда, дар Италия зиндагӣ кунад. Зеро тибқи Тааҳуддоти Минкс аз истирдодаш ба Ӯзбекистон ҳарос дорад. Дар Ӯзбекистон нисбати Зиёмуҳаммадови 60-сола барои интиқоли маҳсулоти кишоварзии бе ҳуҷҷати зарурӣ ва ташкили муомилоти ғайриқонунӣ бо арзи хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG