Ссылки доступа

Иқдоми эътирозии зиддиҳукуматӣ дар Қирғизистон


Имрӯз тақрибан 200 нафар дар майдони марказии шаҳри Норини Қирғизистон иқдоми эътирозии зиддиҳукуматӣ анҷом медиҳанд.

Онҳо аз амали нахуствазир Темир Сариев, ки барои дидор бо сокинон ба ин шаҳр ташриф наовард, нигарон ҳастанд.

Гирдиҳамомадагон мегӯянд, ки афзоиши арзиши нерӯи барқ, коҳиши қимати маҳсулоти чорво ва ҳамчунин кашолкорӣ дар сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои Норини болоӣ онҳоро водор кардааст ба гирдиҳамоӣ бароянд.

27 январ сокинони Норин мехостанд зидди тасмими мақомот барои бозбинии ҳаққи идрорпулӣ барои зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳистонӣ гирдиҳамоӣ баргузор кунанд. Аммо дар аввали ҳафтаи ҷорӣ ҳукумат тарҳи қонуни бозбиниро бозпас гирифт. Хабар дода шуд, ки зимни таҳияи ин тарҳи қонун масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои Қирғизистон ба инобат гирифта нашудаанд.

XS
SM
MD
LG