Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон теъдоди мошинҳои хидматиро коҳиш дод


Теъдоди мошинҳои хидматии дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон 50% кам карда шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии ҳукумат.

Тибқи ин хабар, аз 22 мошини хидматии дастгоҳи ҳукуматӣ танҳо 11 мошин боқӣ мондааст. Аз ин миқдор 8 мошини навбатдор, 2 мошин дар ихтиёри номарасонҳо ва 1 мошин барои сафар ба минтақаҳо пешбинӣ шудааст.

Мошинҳои хидматии ёварон ва мушовирон ва ҳамчунин мудирони шӯъбаҳо ихтисор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол фаъолияти комиссияи кам кардани теъдоди мошинҳои ниҳодҳои давлатӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG