Ссылки доступа

7 соли зиндони шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Тавре расонаҳои Русия хабар медиҳанд, шаҳрванди Тоҷикистон Хуршедҷон Меҳтоҷов бо сокини Ставропол иртибот доштааст.

Ин мард ба маъшуқааш пешниҳоди издивоҷ карда, ваъда додааст, ки ӯро ба Сурия хоҳад бурд. Хуршедро мақомоти интизомӣ дар Ставропол боздошт карданд. Вай бо худ маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ доштааст.

Маҳкумшуда гуфтааст, бо "Давлати исломӣ" ҳич робита надорад, ба Сурия мехост барои наворгирии филми ҳуҷҷатӣ дар бораи зиндагии мардум биравад. Расонаҳо менависанд, Хуршед дар додгоҳ бо забонӣ тоҷикӣ суҳбат кардааст. Вай гуфтааст, забони русиро намедонам. Аммо мукотибаи вай бо маъшуқааш бо забони русӣ сурат гирифтааст.

Барои мусоидат ба террористон ва нигаҳдории маводи мухаддир Меҳтоҷов аз сӯи Додгоҳи олии Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Расонаҳо менависанд, ки вақтҳои ахир террористон ҳар чи бештар ба русдухтарон таваҷҷуҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG