Ссылки доступа

Вашингтон мухолифини Сурияро ба гуфтушинид водор мекунад


Мухолифини Сурия набояд имконияти таърихии худро барои ширкат дар гуфтушуниди сулҳ, ки рӯзи ҷумъа дар Женева баргузор мешавад, аз даст бидиҳад.

Мухолифин бояд бе ҳеч шартгузории қаблӣ ба гуфтушунид ҳозир шаванд, гуфтааст Департаменти давлатии ИМА.

“Мухолифин шанси таърихӣ доранд, ки ба Женева бираванд ва роҳҳалҳои оташбас, дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона ва дигар масоилро пешниҳод намоянд ва онҳо бояд бе ҳеч шартгузории қаблӣ бояд бираванд”, - гуфт котиби матбуотии Департаменти давлатӣ Марк Тонер.

Нақшаи баргузории нахустин гуфтушунидҳо дар мавриди қатъи ҷанги шаҳрвандии Сурия рӯзи чаҳоршанбе зери суол рафт. Мухолифин изҳор доштанд, ки ба музокирот ҳозир нахоҳанд шуд, агар СММ ба тақозои қатъи ҳамла ба сокинони осоишта посух нагӯяд.

Ҳукумати Сурия омодагии худро барои ширкат дар ин музокирот баён доштааст. Ин музокирот қарор аст 29 январ дар Женева оғоз шавад. Ҳадафи гуфтушунид қатъи ҷанги панҷсолаи Сурия аст, ки аллакай 250 ҳазор нафарро қурбон кардааст.

XS
SM
MD
LG