Ссылки доступа

Freedom House: Қазоқистон – кишвари “ноозод”


Созмони байналмилалии Freedom House гузориши “Озодӣ дар ҷаҳон - 2016”-ро нашр кард.

Ин гузориш озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии 195 кишварро ба кишварҳои “озод”, “қисман озод” ва “ноозод” тақсим мекунад. Дар ин гузориш Қазоқистон мисли солҳои қаблӣ миёни кишварҳои “ноозод” ҷой гирифтааст.

Озодиҳои сиёсиро дар Қазоқистон Freedom House 6 балл баҳо додааст ва озодиҳои шаҳрвандиро бошад – 5 балл.

Ба рейтинги Қазоқистон ҳаводиси марбут ба озодии баёну афкор ва расонаҳо дар соли 2015 таъсири манфӣ расонидааст. Барои танқиди ҳукумат дар Қазоқистон соли 2015 сомонаи Ratel.kz, маҷаллаи ADAM bol, сомонаи нашрияи мухолифи «Республика» баста шуд.

Дар гузориши Freedom House – 2015 Қазоқистон дар радифи Озарбойҷон, Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ҳамчун кишварҳои “дар ҳоли мубориза бо мухолифин ва рақибонашон тавассути интихоботҳои ношаффоф” ном бурда мешуданд, қарор дошт.

XS
SM
MD
LG