Ссылки доступа

HRW: Набояд ҳуқуқи инсон қурбон шавад


Созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқуи Human Rights Watch даъват карда, ки бо баҳонаи мубориза зидди терроризм ва ё хатари муҳоҷирати дастаҷамъӣ, ҳуқуқи инсон поймол нашавад.

“Тарси таркишҳои эҳтимолӣ ва вуруди мавҷи муҳоҷирин чанде аз кишварҳои ғарбиро водор кард, ки ҳуқуқи инсонро дар дараҷаи дувум қарор диҳанд”, - навиштааст роҳбари иҷроияи созмон Кеннет Рот дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи инсон, ки 27 январ нашр гардид.

Дар гузориш омадааст, ки ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо бо падидаи исломбадбинӣ наметавонанд мубориза баранд.

Ҳомиёи ҳуқуқ ҳамчунин аз назорати ҳаёти шахсии шаҳрвандон дар ИМА, Бритониё ва Фаронса изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аз сӯи дигар дар гузориш аз фишор ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар Русия, Хитой ва Туркия ишора шудааст. Ҳукуматҳои ин кишварҳо аз тарси зуҳури ҳаракатҳои зиддиҳукуматӣ ба расонаҳо фишор меоранд.

XS
SM
MD
LG