Ссылки доступа

То баробарҳуқуқии зану мард ҳунӯз дур аст


Қирғизистон дар миёни 145 кишвар дар заминаи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкониятҳо дар Феҳрасти ҷаҳонии фарқияти ҷинсӣ ҷойи 76-ро соҳиб шуд.

Дар ин бора маркази матбуотии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқотҳои стратегӣ хабар дод.

Дар ҳамин арзёбӣ Қирғизистон дар заминаи ширкати иқтисодӣ ва имкониятҳо ҷойи 80, дар мавриди дарёфти донишҳо ҷойгоҳи 81 ва дар мавриди тандурустиву тавони зиндагӣ ҷойи 79-ро соҳиб шуд.

Ҷойи аввал дар Феҳрасти фарқияти ҷинсиро Исландия соҳиб шуду ҷойгоҳи охиринро Яман. Белорус дар миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо дарёфти ҷойгоҳи 34 пешсаф дониста мешавад. Сипас Қазоқистон (47), Русия (75), Арманистон (105) қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки то ҳол ҳеҷ яке аз кишварҳо фарқияти ширкати иқтисодиву имкониятҳо ва ҳуқуқҳои сиёсиро аз байн набурдааст.

Феҳрасти фарқияти ҷинсӣ(The Global Gender Gap Index) — пажӯҳиши фаромиллӣ ва ба дунболаш таҳияи Феҳрасти кишварҳо дар мавриди баробарҳуқуқии зану мард аст. Феҳраст аз чаҳор бахш иборат аст: ширкати иқтисодӣ ва имкониятҳо, дарёфти дониш, тандурустӣ ва тавони зиндагӣ, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкониятҳо.

XS
SM
MD
LG