Ссылки доступа

Дар Чин шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл мерасонанд


Имрӯз дар Чин ҳукми қатл дар нисбати шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов иҷро мешавад.

Мақомоти чинӣ ба ВКД Тоҷикистон хабар додаанд, ки яке аз хешовандони маҳкумшуда метавонад то иҷрои ҳукм бо ин мард дидори вопасин дошта бошад.

Юсуфов бо тиҷорат машғул буд ва аз Чин ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекард. Панҷ сол пеш вай дар шаҳри Урумчии Чин бо айби қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Дертар додгоҳ ӯро ба қатл маҳкум кард.

Баҳодур Юсуфов, бародари маҳкумшуда хабар дод, ки пештар хешовандон аз мақомоти тоҷик хоста буданд, ки ба мақомоти чинӣ барои иҷро накардани ин ҳукм таъсир расонанд.

“Вай аз тарафи як зан дар бозор фиреб дода шуд. Пулис ӯро вақте боздошт кард, ки вай бо хоҳиши ин зан як борхалтаи ӯро ба ҷойи дигар мегузаронид. Дар ин борхалта маводи мухаддир ошкор карда шуд”, - гуфт бародари маҳкумшуда.

Тибқи иттилои ахири мақомоти тоҷик, ҳоло 16 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз онҳо 9 мард ва 7 зан мебошанд, дар зиндонҳои Чин адои ҷазо мекунанд. Дар моҳи майи соли гузашта Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хабар дода буд, ки аз ҷумлаи ҳамаи шаҳрвандони маҳкумшудаи тоҷик дар Чин се зан ва як мард ба қатл ва панҷ нафар ба ҳукми абад ҷазо гирифтаанд. Боқимондаҳо ба мӯҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон се шаҳрванди чинӣ адои ҷазо мекунанд. Онҳо бо айби таҷовуз, расонидани зарари ҷиддии ҷисмонӣ ва қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар бораи табодули маҳкумшудаҳо, ки соли 2014 дар Душанбе имзо шуда буд, моҳи майи соли гузашта тасвиб карда шуд. Аммо то ҳол хабаре дар бораи табодули зиндониёни ду кишвар нарасидааст.

Қонунгузории Чин барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ҷазои сангинеро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG