Ссылки доступа

Духтари президент ба вазифаи раҳбари дастгоҳаш таъйин шуд


Духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон, ки то ҳол дар вазифаи муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъйин карда шуд.

Вай дар ин вазифа Бахтиёр Худоёрзодаро иваз кард.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, тоҷик асту таҳсилоти олӣ кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқ мебошад. Мақоми дипломатии Намояндаи Комилҳуқуқ ва Фавқуллодаи дараҷаи 2-ро дорад.

Аз 15 моҳи майи соли 2014 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳсил кардааст;
Солҳои 2004-2006 донишҷӯйи Донишгоҳҳои Ҷортаун ва Мэриленд (бахши омӯзиши забонҳо) дар шаҳрҳои Вашингтон ва Коллеҷ–Парк буд.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Шавҳараш муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аст ва онҳо панҷ фарзанд доранд.

XS
SM
MD
LG