Ссылки доступа

Амали террористӣ дар марзи миёни ду кишвар Кобулро бе барқ гузошт


Дар пайи тахриби хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз сӯйи ҷангиёни ҷунбиши ифротии “Толибон” дар Кобул ва бархе аз вилоятҳои Афғонистон интиқоли нерӯи барқ қатъ шудааст.

Абдул Саттор, волии вилояти Бағлон гуфт, барои барқарории хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ки аз Ӯзбекистон ба Кобул меравад, чанд рӯз вақту ду ҳазор сарбоз зарур аст.

Ҳоло аҳолии Афғонистон 1286 мегаватт нерӯи барқ масраф мекунад ва қариб 80 дарсади ин миқдор барқро давлат аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон, Эрон, Туркманистон ва Тоҷикистон харидорӣ мекунад.

Ҳудуди 30 дарсади барқи воридотӣ аз Ӯзбекистон харидорӣ мешавад.

Аз соли 2009 Ӯзбекистон тавассути хати 442 километрии интиқоли барқ панҷ вилояти шимолии Афғонистон ва пойтахти ин кишвар шаҳри Кобулро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Афғонистон мехост дар соли 2016 воридоти нерӯи барқ аз Ӯзбекистонро 8-10% бештар кунад.

Ҳарчанд дар худи Ӯзбекистон камбуди нерӯи барқ эҳсос мешавад, аммо Тошканд дар бораи афзоиши содироти нерӯи барк ба Афғонистони ҳамсоя хабар дод.

XS
SM
MD
LG