Ссылки доступа

Амалиёти "муҳоҷир" ба навҳаи шведӣ


Мақомоти Шветсия мехоҳанд даҳҳо ҳазор муҳоҷиронеро хориҷ кунанд, ки соли гузашта вориди кишвар шуданду барояшон ҳаққи паноҳандагӣ дода нашуд.

Хабаргузориҳои Шветсия аз суханони дирӯзаи вазири корҳои дохилии ин кишвар Андрес Игеман иқтибос овардаанд, ки гуфтааст сухан дар бораи 60 ҳазор нафар меравад. Ба гуфтаи вай, ин рақам имкон дорад то 80 ҳазор нафар афзоиш ёбад.

Игеман гуфт, ки маъмулан барои ихроҷи ин гуна мардум ҳавопаймоҳои хатсайрӣ истифода мешаванд. Аммо ба сабаби теъдоди зиёди муҳоҷирони ихроҷшаванда барои ин кор ҳавопаймоҳои махсус ба иҷора гирифта мешавад. Аҳолии Шветсия 9,8 миллион аст ва ба ин сабаб ин кишвар аз ҷумлаи он кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аст, ки теъдоди бештари гурезагонро қабул кард.

Соли гузашта Шветсия ба наздики 160 ҳазор гуреза паноҳандагӣ дод, ки бештарашон аз Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия омадаанд. Беш аз ними 58 800 аризаи паноҳандагӣ қонеъ карда шуд. Теъдоди муҳоҷирони ба Шветсия воридшаванда баъд аз роҳандазоии шиносоии аксӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ, ки 4 январ шурӯъ шуд, коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG