Ссылки доступа

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар мезанад


Имрӯз Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Женева ҷаласаи ғайринавбатӣ дар робита барои роҳандозии иқдомҳои пешгирикунанда аз паҳншавии бемории Зика баргузор мекунад.

Ин беморӣ боиси мушкилиҳои баданӣ дар тани ҳазорон навзодҳо дар кишварҳои ҳавзаи Кариб ва Амрикои Лотинӣ шудааст.

Тасмими баргузории ин ҷаласа баъд аз ҳушдори олимони амрикоӣ дар бораи хатари паҳншавии зиёди бемории Зика гирифта шуд. Хатари асосии бемории Зика, ки тавассути хомӯшакҳо паҳн мешавад, микросефалияро донистаанд, ки боиси коҳиши ҳаҷми мағзи сари навзодҳо мешавад.

Нахустин мавридҳои ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳида сабт шудааст. Дар Ню-Йорк чаҳор маврид, як мавриди дар Калифорния, Миннесота, Виргиния ва Арканзас ошкор шудааст. Бемористонҳои ИМА бо дархости мақомот қабули хуни нафароне, ки аз кишварҳои воқеъ дар минтақаи хатарнок дидан кардаанд, қатъ карданд. Чанд ширкати ҳавоӣ ба мусофирони худ аз ҷумлаи занҳои ҳомила, ки барои парвоз ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ билет харидорӣ кардаанд, пешниҳоди бозпас додани маблағҳояшонро фиристодаанд.

Нишонаҳои бемории Зика ба нишонаҳои табларзаи денге монанд аст ва то ҳол доруе бар зидди ин беморӣ вуҷуд надорад. Дар бештари мавридҳо духтурон дар табобати ин беморӣ оҷизанд. Ин беморӣ бештар аз ҳама барои занҳои ҳомила хатарнок аст.

XS
SM
MD
LG