Ссылки доступа

Қотилони оилаи корманди милиса дар Ӯзбекистон ҷазо гирифтанд 


Фармоишгари ин қатл Азизбек Ахмедов ба 20, ду иҷрокунандаи қатл - Исмоилов ва Ҳусанов ба 25 ва як ноболиғ ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки як сол пеш дар шаҳри Ҳаққулободи вилояти Намангон шабона Зарифа Ботироваи 61 сола, келини 27 солааш Наргиза ва набераи чаҳор солааш ваҳшиёна кушта шуданд. Қотилон ҷасади онҳоро ба "Андиҷонсой" партофтанд. Ҳамаи кушташудагон аъзои оилаи маъмури милитсия буданд, ки дар бахши тафтишоти ҷиноии ВКД Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд кор мекард. Танҳо кӯдаки навзоди ин хонадон зинда монд, ки қотилон ӯро назди дари яке аз ҳавлиҳои ҳамсоя гузоштаанд.

Тафтишот хабарҳо дар бораи фармоишӣ будани қатли аъзои хонаводаи корманди милиса ва ба фаъолияташ иртибот доштани ин ҷиноятро рад карданд.

Боздоштшудаҳо иқрор шуданд, ки ба хонаи маъмури милитсия танҳо ба хотири дуздӣ даромаданд, аммо аъзои оила ба ин ҳадафи онҳо монеъ шуданд ва ба ин сабаб онҳоро куштаанд.

Маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 20 то 25 сол дар Ӯзбекистон ҷазои сахттарин аст. Маъмулан нафарони айбдор дар куштор ва амалҳои террористӣ ба ин ҷазо маҳкум мешаванд. Ҳукми қатл дар Ӯзбекистон 1 январи соли 2008 бекор шудааст.

XS
SM
MD
LG