Ссылки доступа

Муҳоҷирони тоҷик риояи ҳуқуқи инсонро талаб мекунанд


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия зидди пешниҳоди пулакӣ кардани хадамоти "ёрии таъҷилӣ" барои муҳоҷиронро нодуруст дониста, мегӯянд чунин тасмим ҳуқуқи онҳоро вайрон мекунад.

Ахиран вакили Думои давлатӣ аз Ҳизби либерал демократии Русия Владимир Сисоев унвонии муовини нахуствазир Олга Голодетс муроҷиатнома ирсол кард. Вакили мардумӣ пешниҳод дорад, ки ёрии таъҷилӣ барои муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Ҳоло тибқи моддаи 10 Қонуни федералӣ "Дар бораи суғуртаи ҳатмӣ дар ФР" дар чаҳорчӯбаи хадамоти ҳатмии тандурустӣ ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиёне, ки дар ин кишвар ба таври қонунӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз хадамоти ёрии таъҷилӣ ройгон истифода кунанд. Гурезаҳо низ ҳаққи дарёфти суғуртаро доранд.

Ба гуфтаи вакил, барои расонидани ёрии таъҷилӣ барои хориҷиҳо ҳамасола садҳо миллион рубл сарф мешавад. Дар натиҷа ин пулҳо бебозгашт аз будҷаҳои бахшҳои маҳаллии тандурустӣ мераванд. Ҳарчанд ин маблағро имкон дорад барои ҳифзи саломатии шаҳрвандони Русия сарф кард.

Ба ин сабаб вакили Думо пешниҳод мекунад, ки барои муҳоҷирон низоми пардохт баъд аз ҳозир шудани духтурон роҳандозӣ шавад.

Аммо дар Русия бисёриҳо зидди ин пешниҳод ҳастанд, зеро ёрии таъҷилии тиббӣ тибқи қонунгузории ин кишвар новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва мақоми шаҳрванд ройгон расонида мешавад.

XS
SM
MD
LG