Ссылки доступа

Пеш аз тӯй пешниҳоди санади тиббӣ ва ташхиси генетикӣ зарур аст


Сокинони Тоҷикистон ба ислоҳи Кодекси оила дар мавриди низоми никоҳ назарҳои мухталиф доранд.

Тибқи ин қонун, акнун дар сурати хешутаборӣ никоҳ манъ шудааст. Ба бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бояд натиҷаи ташхиси генетикӣ пешниҳод карда шавад.

Духтурон ба ин назаранд, ки ин қонун имкон медиҳад теъдоди кӯдакони дорои мушкилиҳо дар рушд ба монанди бемории Даун, китф-бифид ва ғайра коҳиш ёбад. Ҳоло волидайни 35% кӯдакони дорои ин бемориҳо аз ҷумлаи хешу табори наздик мебошанд. Бештари никоҳҳои хешу таборӣ дар минтақаҳои рустоӣ ва ноҳияҳои дурдаст ва миёни миллатҳои хурд, ба монанди ҷӯгиҳо баста мешаванд. Дар онҳо чунин одат шудааст, ки бо "бегона" издивоҷ намекунанд.

Аммо бархе аз тоҷикистониҳо ба ин назаранд, ки ташхиси пизишкӣ боз як роҳ барои пулситонии давлат аз шаҳрвандони оддӣ аст. Арӯсу домод бояд худ арзиши ташхисро пардохт кунанд ва қиммати ташхиси генетикӣ то ҳол эълон нашудааст. Аммо маълум аст, ки қиммати он андак нахоҳад шуд. Ҳамаи маҳлулҳо барои ташхис гарон буда, аз Аврупо ё ИМА ворид карда мешаванд, мегӯянд духтурҳо.

Тибқи ислоҳҳои ахир ба Кодекси оила, навҷавонон пеш аз никоҳ вазифадоранд ҳуҷҷати пизишкии вазъи саломатиашонро пешниҳод кунанд. Ба беморони гирифтори ВИЧ, зарпарварин ва ё бемориҳои дигар наметавонанд издивоҷро манъ кунанд, аммо талош хоҳанд кард, ки аз ин тасмими никоҳ пешгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG