Ссылки доступа

Президенти ИМА ду вакилро ба ғизои наҳор даъват кард


Дар наҳори расмии президенти Амрико масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ намешавад.

Президенти ИМА Барак Обама дар қатори намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба наҳори расмӣ, ки 3 феврал дар Вашингтон баргузор хоҳад шуд, ду вакили парлумони Қирғизистон – Жанар Акаев ва Аскарбек Шодиевро низ даъват кардааст. Дар ин бора парлумони Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Жанар Акаев, яке аз ин ду вакилон, ҳамасола президенти Амрико наҳори расмӣ баргузор мекунад ва то 130 намояндаи кишварҳои мухталифро даъват менамояд. Акаев афзуд, дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили иқтисодӣ ва ё сиёсиро баррасӣ намекунанд.

XS
SM
MD
LG