Ссылки доступа

Дар Исломобод музокироти Кобул бо толибҳоро баррасӣ мекунанд


Вазорати корҳои хориҷии Покистон эълон кард, ки намояндаҳои Афғонистон, Покистон, Чин ва Иёлоти Муттаҳида мавзӯи азсаргирии музокироти миёни Кобул ва ҷунбиши “Толибон”-ро баррасӣ мекунанд.

Сухангӯйи ин вазорат Қозӣ Халилуллоҳ гуфт, ки дар дидори 6 феврал дар Исломобод мехоҳанд барномаи ҳалли сулҳомези даргирӣ дар Афғонистонро таҳия кунанд. Ин севумин дидори ба ҳам монанд дар чанд ҳафтаи ахир хоҳад шуд.

Халилуллоҳ имрӯз ҳамчунин гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин талошҳо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба наздикӣ ба Қатар сафар мекунад. Аммо вай ҷузъиёти ин сафари Шарифро нагуфт.

ВКХ Покистон ин изҳоротро дар ҳоле пахш мекунад, ки чанд рӯз пеш ҷунбиши афғонии “Толибон” эълон кард, ки ин созмонро дар музокирот “намояндагии сиёсиаш” дар Қатар метавонад муаррифӣ кунад.

XS
SM
MD
LG