Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барномаи сиёсати иттилоотиро таҳия мекунанд


Раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон Фарид Ниёзов ба гурӯҳи кории коршиносон дастур дод, ки тарҳи барномаи сиёсати иттилоотии кишварро то 1 июни соли 2016 таҳия кунанд.

Дар ин бора ба Идораи ахбори Осиёи Марказӣ раҳбари бахши сиёсати иттилоотии дастгоҳи раиси ҷумҳур Алмос Усенов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тарҳи ин барнома бояд талошҳои асосӣ барои тавсеаи фазои иттилоотии кишвар ва ҳамчунин масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳия ва пахши ахбор дар шароити муосир бо дарназардоштои риояи асосҳои озодии сухан ва талаботи амнияти иттилоотиро фарогир бошад.

Ба ҳайати гурӯҳи кории коршиносон 16 нафар ворид шудаанд, ки намояндагони ҷомеаи маданӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва худи расонаҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG