Ссылки доступа

Кохи сафед бо вазорати молияи ИМА дар бораи фасодкории Путин ҳамназар аст


Суханони намояндаи вазорати молияи ИМА дар бораи даст доштани президенти Русия дар фасод бозгӯи мавқеи расмии ҳукумати ин кишвар аст.

Дар ин бора сухангӯйи Кохи сафед Ҷош Эрнест дар нишасти хабарӣ гуфт.

Пештар Адам Шубин, ки иҷрокунандаи муовини вазири молия дар умури терроризм ва ҷиноятҳои молӣ аст, дар мусоҳиба бо Би-Би-Си гуфт, ки ИМА Путинро фасодкор медонад.
“Арзёбии намояндаи вазорати молияи ИМА беҳтарин бозтоби мавқеи ҳукумат аст”, - гуфт Эрнест. Ҳамзамон вай дар посух ба ин савол, ки оё ИМА нисбати Путин таҳримҳоеро роҳандозӣ мекунад, гуфт, ки ин салоҳияти вазорати молия мебошад.

Рӯзи душанбеи 25 январ шабакаи телевизионии ВВС One филми мустанади нимсоатаеро бо номи “Сарватҳои махфии Путин” (Putin's Secret Riches) намоиш дод. Дар миёни мусоҳибони муаллифи филм Ричард Билтон ҳамчунин муовини вазири молияи ИМА Адам Шубин буд.

Дар мусоҳибаи худ вай Путинро дар даст доштан дар фасод айбдор карда, гуфт, ки дар Вашингтон мебинанд, ки чӣ тавр раҳбари Русия “дӯстон, ҳамтоёни наздикашро сарватманд мекунаду онҳоеро, ки бой нестанду дороиҳои давлатиро дар ихтиёр надоранд, нодаркор месозад”. Ба онҳое, ки ба вай содиқона хидмат мекунанд, барояшон боигариҳои энержӣ ё қарордодҳои давлатӣ медиҳаду дар ин миён онҳоеро, ки ба вай содиқ нестанд, аз худ дур месозад. Барои ман ин нишонаи фасодкорӣ аст”, - хулоса кард Шубин.

Дмитрий Песков, сухангӯйи раҳбари Русия 16 январ гуфт, ки айбномаи вазорати молияи ИМА унвонии Путинро бояд тасдиқ кард, аммо Москва инро талаб надорад. Мӯҳтавои матлаби шабакаи радио ва телевизионии бритониёиро вай “дурӯғи маҳз ва тӯҳмат” унвон кард.

XS
SM
MD
LG