Ссылки доступа

Назарбоев даъват кард, ки аз “офшорҳо” даст кашанд


Раиси ҷумҳури Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” Нурсултон Назарбоев дар анҷумани ҳизбӣ дар Остона гуфт, Қазоқистон шароит фароҳам кард, ки бархе аз нафарони вориди феҳрасти Forbes сарвати худро ҷамъ кунанд.

Вай ба бозпас овардани маблағҳояшон аз минтақаҳои амн ё офшор даъват карда, пешниҳоди харидории корхонаҳоеро кард, ки ба маъраки ҷории хусусисозӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

“Ҳама гуна офшорҳо гапи беҳуда аст. Ҳоло офшорҳо ба маънии пештарааш вуҷуд надоранд. Ба ин сабаб қонунӣ сохтани дороиҳоро эълон кардем, маблағҳои худро бозпас оред ва шуморо афв мекунем. Хусусисозии аввалия ва ҷамъоварии маблағи аввалия дар ҳеҷ замоне покизаву қонунӣ набуданд. Ҳар кор мешуд. Дар тамоми ҷаҳон низ ҳамин хел буд. Ба ҳамин сабаб пулҳои худро бозпас оред ва мо мебахшем. Ҳоло маъракаи хусусисозии 800 муассисаи кишвар идома дорад. Ин корхонаҳоро харидорӣ кунед”, - иқтибос овардааст аз суханони Назарбоев хабаргузории “Интерфакс-Қазоқистон”. Вай ҳамзамон дар баробари пайдо кардани фоида ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар кишвар низ даъват кард.

Интизор меравад дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби “Нур Отан”, ки имрӯз дар Остона идома дорад, рӯйхати номзадҳои ҳизби президентӣ барои ширкат дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонии 20 март тасдиқ карда шавад.

Дар феҳрасти миллиардерҳои ҷаҳон, ки аз сӯйи маҷаллаи амрикоии Forbes таҳия шудааст, номи хешовандони Назарбоев ва ҳамтоёни наздикашро дидан мумкин аст.

XS
SM
MD
LG