Ссылки доступа

Мухолифони Сурия намехоҳанд ба Женева ташриф оваранд


Намояндаи мухолифони Сурия ба шабакаи телевизионии амрикоии CNN гуфт, ки нерӯҳои мухолиф ба музокироти сулҳ дар Женева то замоне, ки артиши Башор Асад муҳосираи бархе аз шаҳрро қатъ накунад, намоянда намефиристад.

Вай ҳамчунин қатъи бомборони аҳолии осоишта ва озод кардани нафарони ғайриқонунӣ зиндонӣ шударо талаб кард.

Музокирот дар Женева бояд имрӯз шурӯъ шавад. Мухолифони Сурия аз Созмони Миллали Муттаҳид, ки бо сарпарастии ин ниҳод бояд ҳамоиши сулҳ баргузор шавад, интизори посух ба талаби худ ҳастанд. “Ин талаби қатъӣ аст ва гузашт ё баррасии он ғайримумкин мебошад”, - таъкид кард намояндаи мухолифон.

“Мо дар робита ба Сурия ду ҳамоиш баргузор кардем ва ҳамоиши севум наметавонад бенатиҷа анҷом ёбад”, - гуфт дар муроҷиати видеоӣ ба СММ намояндаи махсус барои баргузории ин ҳамоиш Стаффан де Мистура. Вай аз мардуми Сурия даъват кард, ки ба ҷонибҳои даргир таъсир расонанд, то онҳо ба Женева ташриф оваранд. Агар музокирот баргузор шавад, де Мистура дар онҳо миёнарав мешавад. Бори охир намояндагони Асад ва мухолифон расман ду сол қабл дидор карда буданд.

Ин ҳамоиш бояд рӯзи душанбеи гузашта шурӯъ мешуд, аммо ба далели баҳсҳо, ки кадоме аз гурӯҳҳо бояд мухолифонро дар ин музокирот намояндагӣ кунанд, ба таъхир афтод. Аз ҷумла Туркия мухолиф аст, ки дар ин ҳамоиш ҳизби “Иттиҳоди демократӣ” ширкат кунад. Ин ҳизб аз сӯйи курдҳои суриягӣ ташкил шуда, Анқара онро созмони террористӣ медонад.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаҳои худ менаваисад, ки шӯрои мухолифони суриягӣ, ки дар пойтахти Арабистони Саудӣ ҷаласа кард, тасмим гирифт, ки дар ҳамоиши Женева ширкат накунад. Reuters аз суханони мухолифони суриягӣ иқтибос оварда, навиштааст, ки котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ талаб мекунад, ки онҳо ба Женева ташриф оваранд. Котиби давлатӣ ҳамчунин машварат додааст, ки онҳо даъвоҳои худ ба Асадро мавриди баррасӣ қарор диҳанду онҳоро ба унвони шарти пешакӣ барои баргузории ин ҳамоиш ироа накунанд.

XS
SM
MD
LG